ТАСНИФИ ГУРӮҲҲОИ ЛЕКСИКӢ-СЕМАНТИКИИ ВОЖАҲО ДАР ҒАЗАЛИЁТИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Keywords:
ғазал, рамз, маъно, мазмун ва шакл, маънои лексикӣ, майдони семантикӣ, таснифи гурӯҳҳо, забони шеър.Abstract
Дар ин мақола аҳамияти таркиби маъноии вожаҳо ва таснифи лексикӣ-семантикии онҳо дар мисоли ғазалҳои намояндаи бузурги адабиёти классикии форсу тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414-1492) баррасӣ шудааст. Ин услуби баён бевосита ба ҷаҳонбинӣ, дарки ахлоқию тафаккури мантиқӣ ва эҳсоси нафис алоқаманд аст. Ҷолиби диққат аст, ки таснифи гуруҳҳои лексикӣ-семантикии калима ва таҳқиқи гардиши маъноии он калиди кашфи рамзҳои осори Ҷомӣ буда, вобаста ба маҳорати шоирист.