Published October 24, 2023 | Version v1
Journal article Open

ТАҲЛИЛИ ЛЕКСИКӢ-ҚИЁСИИ ВОЖАҲОИ СОҲАИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМШИНОСӢ ДАР ЛАҲҶАИ ТОҶИКОНИ ХУФАРИИ НОҲИЯИ САРИОСИЁ

Description

Дар мақолаи мазкур дар бораи таҳлили лексикӣ-қиёсии вожаҳои соҳаи урфу одатҳои мардумшиносии тоҷикони хуфарии ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё ва тафовути лаҳҷаи ин сарзамин аз забони адабии тоҷик маълумот дода мешавад. Аз қадимулайём чун дигар тоҷикони гӯшаву канори воҳаамон тоҷикони хуфарии ноҳияи Сариосиё низ лаҳҷаи ба худ хосро доро буда, асрҳои аср он аз насл ба насл гузашта, то ба имрӯз бо тағъиротҳои гуногун ба мо омада расидаанд. Аммо бо вуҷуди ин тағъирёбиҳо, тоҷикони хуфарии ноҳияи Сариосиё, ки қисми бештарашон дар кӯҳистон зиндагонӣ мекунанд, лафзи софи тоҷикии хешро пурра маҳфуз нигоҳ доштаанд. Вожаҳои соҳаи урфу одатҳои мардумшиносӣ дар лаҳҷаи тоҷикони ин диёр хеле серистеъмол мебошанд. Аз ҳамин лиҳоз хостам, ки мақолаи илмии хешро ба мавзӯи мазкур бахшида, оиди ин мавзӯъ маълумоти муфассал диҳам. 

Files

65-69.pdf

Files (466.1 kB)

Name Size Download all
md5:6c3bd78b8536156e574309a02222b848
466.1 kB Preview Download