ЛЕКСИКАИ ДУРЕДГАРӢ
Keywords:
лексика, истилоҳ, вожа, ҳунарманд, дуредгар, теша, арра, табар, парма, болға, сӯҳон, мех, арраи барқӣ, сатҳи лазерӣ, арраи доирашакл, дастгоҳи чӯббурӣAbstract
Дар мақола сухан оид ба лексикаи дуредгарӣ меравад. Таърихи ҳунарҳои мардумӣ ба замонҳои бостон рафта мерасад, ки дар мақола ба таври мухтасар ба он ишорат шудааст. Ҳунармандон бештар аз тоифаи мардуми меҳнатӣ мебароянд, табиист, ки вожаҳои мансуб ба ҳунармандӣ хоси услуби гуфтугӯӣ бошанд. Дар услуби адабӣ бештар гунаи аслии вожаҳои ҳунармандии халқӣ корбаст шудааст ва дар байтҳои алоҳида аз “Шаҳрошӯб”-и Саййидо намунаҳои ин гуна калимаҳоро дидан мумкин аст.