ТАҲЛИЛИ ЛЕКСИКӢ-ҚИЁСИИ ВОЖАҲОИ СОҲАИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМШИНОСӢ ДАР ЛАҲҶАИ ТОҶИКОНИ ХУФАРИИ НОҲИЯИ САРИОСИЁ

Authors

  • Азиза Хайруллоевна Шукурова Докторанти соли аввали кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи хориҷии донишгоҳи давлатии Самарқанд

Keywords:

лаҳҷа, мардум, Сариосиё, таркиби луғавӣ, тоҷикон, деҳа...

Abstract

Дар мақолаи мазкур дар бораи таҳлили лексикӣ-қиёсии вожаҳои соҳаи урфу одатҳои мардумшиносии тоҷикони хуфарии ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё ва тафовути лаҳҷаи ин сарзамин аз забони адабии тоҷик маълумот дода мешавад. Аз қадимулайём чун дигар тоҷикони гӯшаву канори воҳаамон тоҷикони хуфарии ноҳияи Сариосиё низ лаҳҷаи ба худ хосро доро буда, асрҳои аср он аз насл ба насл гузашта, то ба имрӯз бо тағъиротҳои гуногун ба мо омада расидаанд. Аммо бо вуҷуди ин тағъирёбиҳо, тоҷикони хуфарии ноҳияи Сариосиё, ки қисми бештарашон дар кӯҳистон зиндагонӣ мекунанд, лафзи софи тоҷикии хешро пурра маҳфуз нигоҳ доштаанд. Вожаҳои соҳаи урфу одатҳои мардумшиносӣ дар лаҳҷаи тоҷикони ин диёр хеле серистеъмол мебошанд. Аз ҳамин лиҳоз хостам, ки мақолаи илмии хешро ба мавзӯи мазкур бахшида, оиди ин мавзӯъ маълумоти муфассал диҳам.

Downloads

Published

2023-10-24